Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Қонун “Дар бораи тасдиқи шартномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон”-ро ба имзо расонид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Шартномаи мазкур санаи 17 августи соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шуда буд.

Он замон дар ҷараёни гуфтушунидҳо сарони кишварҳо 27 санади ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои гуногуни сиёсату иқтисод, саноат, маориф, фарҳангу илм ва ғайра ба имзо расониданд.

Қаблан, 30 ноябри соли 2018 шартнома аз ҷониби Палатаи қонунгузор (поёнӣ)-и Олий Маҷлис (парлумон)-и Ӯзбекистон маъқул шуморида шуда, 13 декабр дар Сенат (палатаи болоӣ) тасдиқ шуд.

“Қабули лоиҳаи қонуни мазкур сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро, ки ба таҳкими муносибатҳои неки дӯстӣ ва ҳамсоягӣ равона гардидааст, таҷассум намуда, баҳри ба сатҳи сифатан нав баромадани муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат мекунад”, - изҳор дошт дар ҷаласа раиси Кумитаи Сенат оид ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ, робитаҳои хориҷии иқтисодӣ, сармояугзории хориҷӣ ва сайёҳӣ Алишер Курманов.

Мувофиқи шартнома ҷонибҳо муносибатҳои шарикии стратегиро бар асоси усулҳои баробариву мутақобилан судманд ва эътимод ба ҳамдигар ба роҳ монда, минбаъд онро ҳамаҷониба таҳким мебахшанд.

Қобили зикр аст, ки парлумони Тоҷикистон шартномаи шарикии стратегиро бо Ӯзбекистон охири моҳи ноябр тасдиқ намуда буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.