Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешбарӣ гардид, ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия қайд мешавад, ки рӯйдоди мазкур қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди  ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои Рушди устувор маҳсуб меёбад.

“Мутмаинам, ки кишварҳои аъзои СММ аз ваколатҳои нави қатъномаи мазкур ҷиҳати пешбурди фаъолияти муштаракамон дар самти об, аз ҷумла тариқи арзёбии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд намуд”, - таъкид мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки Маҷмаи Умумии СММ  зимни иҷлоси 73-юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони "Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал" Об барои рушди устувор " 2018-2028" -ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии -190 кишвари аъзои  СММ пешниҳод шуда  буд, якдилона қабул намуд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.