Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстонаи барои муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо хос сурат гирифт, сарони давлатҳо ба муносибати Соли нави 2019 табодули табрикот ва таманниёти нек намуданд.

Гуфта мешавад, Пешвои миллат ба мардуми дӯсти Россия дар фарорасии соли нав сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Владимир Путинро дар рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ зикр намуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муштараки минбаъдаи мақсаддор дар самти таҳкими он ба манфиатҳои бунёдии халқҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ буда, омили муҳими суботу амният дар минтақа мебошад.

Ҷонибҳо доир ба минбаъд низ нигоҳ доштани ҷараёни баланди рушди ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар ҳама ҷанбаҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд. 

Ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.