Дар Самарқанд Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Ҳиндустон дидору гуфтушунид мекунад.

Рӯзҳои 12-13 январ дар шаҳри Самарқанд нахустин вохӯрӣ – муколамаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Афғонистон доир мегардад.

Дар мулоқоте, ки бо чунин шакл сурат мегирад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар вохӯрии мазкур баррасии масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои давлатҳо дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва сармоягузорӣ дар назар аст.

Зимни мулоқот роҳбарони идораҳои сиёсатми хориҷии кишварҳо ба масъалаи эътидоли вазъ ва расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард. Баргузории чунин муколама ҳамасола ба нақша гирифта шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.