Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ), ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд, соли ҷорӣ нимаи аввали моҳи апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрии аввали машваратӣ, ки 15 марти соли гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуд, пешниҳод намуд, ки чунин вохӯриҳо ҳамасола пеш аз ҷашни Наврӯз гузаронида шаванд. Он замон ӯ изҳор дошта буд, ки вохӯрии навбатӣ джар Тошканд гузаронида мешавад.

Дар вохӯрӣ баррасии масоили рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа дар тамоми самтҳо – иқтисоду тиҷорат, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг дар назар аст.

Ба гуфтаи манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сол то сол ҷашни Наврӯз бо миқёси бузургтар таҷлил гардида, ҷадвали сарони кишварҳои минтақа дар ин давра пур аз мулоқоту чорабиниҳо аст.

“Маҳз барои ҳамин сарони кишварҳои минтақа дар Тошканд на пеш аз ҷашни Наврӯз, балки моҳи апрел гирдиҳам меоянд”, - таъкид дошт манбаъ.

Дар вохӯрии аввали машваратии минтақавӣ сарони кишварҳои Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон  - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Сооронбой Жээнбеков, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Туркманистон - Акҷа Нурбердиев иштирок карданд.

Дар он вохӯрӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошта буд, ки ин сана дар таърихи чандинасраи муносибатҳои ҳамҷавории мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳфаи нав боз намуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.