Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин президенти Тоҷикистонро ба нишасти форуми “Як роҳ - як камарбанд”, ки моҳи апрели соли 2019 дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Пекин баргузор мешавад, даъват намуд.

Даъвати сарвари давлати Чин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон тариқи воситаҳои робитаҳои дипломатӣ расид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон.

Нишасти дуюми “Як роҳ – як камарбанд” моҳи апрели соли равон доир мегардад. Дар нишасти аввал моҳи майи соли 2017 дар Чин Эмомалӣ Раҳмон иштирок надошт.

Тоҷикистонро дар он нишаст вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Хадамоти гумруки назди ҳукумати кишвар Абдуфаттоҳи Ғоиб намояндагӣ карда буданд.

Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа - «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.