Як ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Батмунх Батсэтсэг рӯзҳои 13-16 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар доираи сафари ҳайат аз Улан-Батор ба Душанбе байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон машваратҳои сиёсӣ баргузор мешаванд.

Дар чаҳорчӯби сафар ҳайати Муғулиситон ҳамчунин дар вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд.

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Муғулистон 23 марти соли 2009 як силсила санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дуҷониба, аз ҷумла Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расиданд, ки заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро танзим менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.