Сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон имрӯз оғоз меёбад. Зимни сафари генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Исломобод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ байни кишварҳо баррасӣ мешаванд.

Зимни сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Исломобод дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Покистон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод котиби матбуотии Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ подполковник Ориф Нозимиён.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти ҳайати раҳбарияти низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин баррасии масоили марбут ба тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ, баргузор намудани тамринҳои муштараки ҳарбӣ, табодули байниҳамдигарии маълумот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва ғайра низ дар назар аст.

Зимнан хотиррасон шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбиву техникӣ байни Тоҷикистону Покистон аз соли 2009 роҳандозӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.