Дар шаҳри Москва аз 15 то 17 апрели соли равон дар доираи баргузории 7-умин конференсияи ҳамкории минтақавии Россияву Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳҳои умумӣ барои иқтисодити оянда” бо иштироки доираи васеи ҷавонони Россияву Тоҷики Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар кори форуми мазкур иштироки сарони кишварҳои Россия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, дар доираи кори Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, дар доираи Форум баимзораисии созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Федералии кор бо ҷавонони Россия ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия дар назар дошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18 апрел бо сафари расмӣ ба Москва раҳсипор мегардад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.