Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Русия раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Президенти Академияи илмҳои ҶТ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикиитон, қарордоду шартномаҳои нав дар соҳаҳои тиҷорату савдо, сармоягузорӣ, амният, фарҳанг ва ҳамкорӣ байни минтақаҳои давлатҳо дар назар аст.

Аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи авфи шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, низ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.

Дар ҳар кадоме аз мактабҳо бо таҳсил фаро гирифтани 1200 нафар кӯдакон пешбинӣ мешавад. Мактабҳо бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.