Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Русия 16 санади нави ҳамкорӣ байни кишварҳо, аз ҷумла Созишнома байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонишудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия (“долони соддаргардонидашудаи гумрукӣ”) ба имзо расид.

Васоити ахбори умуми Русия бар ин назаранд, ки санади имзошуда иқдоми тавсеъаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) буда, табиист, ки он аз ҳисоби Тоҷикистон дар назар аст.

Дар нашрияи “Экономика сегодня” дар ин робита қайд мешавад, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ ва минбаъд табдили он ба ИИАО Душанбе ба он таваҷуҳ дошта, ҳамеша дар пайи рафъи монеъаҳои тиҷорат бо Русия аст.

Коршиносони нашрия имзои созишномаро мустақиман ба нияти Тоҷикистон ҷиҳати узвияти комилҳуқуқ ба ИИАО нисбат надода, лекин аз эҳтимол дур намедонанд, ки Душанбе фоидаи узвият дар ин Иттиҳоди иқисодиро дар амал санҷиданӣ ва дар фурсати муайяни дарки афзалиятҳо, ба он пайвастанист.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон – узви ИИАО ҳаммарз буда, ин ба дастрасии осону мустақими кишвар ба паҳнои иқтисодии Иттиҳод имкон медиҳад.

“Нисбат ба арманиҳо, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ бо кишварҳои Иттиҳод ҳаммарз нест, узвият ба Тоҷикистон осонтар аст. Дар Душанбе ҳамаи инро дарк намуда, паҳлӯҳои мусбату манфии онро омӯзишу баррасӣ мекунанд”, - изҳор доштаанд коршиносон.

Коршиносони тоҷик низ аз эҳтимол дур намедонанд, ки роҳандозии қоидаҳои нави гумрукӣ байни Душанбе ва Маскав иқдоми аввалин дар роҳи пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО буда метавонад.

“Давоми чор сол аст, ки мансабдорони тоҷик мегӯянд, ин масъаларо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд, лекин ҳақиқат дар он аст, ки иқтисоди Тоҷикистон алҳол ба сатҳи паҳнои гумрукии авруосиёӣ ҷавобгӯ нест”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” иқтисодчӣ Сафар Камолов.

Ба ақидаи ӯ, ин иқдом ба Русия ҷиҳати арзёбии хатарҳои имконпазир аз ҳамгиройии Тоҷикистон ба ИИАО имкон фароҳам меоварад.

“Мансабдорони мо акнун суду зарари пайвастан ба Иттиҳодро на дар таҷрибаи Қирғизистону Арманистон, ки доимо аз он ҳарф мезананд, балки дар амал таҳлил карда метавонанд”, - илова кард коршинос.

Дар Хадамоти гумруки нази ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи ин масъала ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ҷузъиёти созишнома баъдтар дастраси умум хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.