Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таҳкими муколамаи доимии сиёсии байниидоравӣ, равобити пайваста дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, ҳифзи сарҳад, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳангӣ аз мавзӯҳои асосии мулоқот буд.

Жан-Батист Лемуан ба Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Франсия Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Франсия супурда, Сарвари давлат ин Паёмро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Франсия ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамёрии ду кишвар арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Франсия барои дастгирии доимии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ, лоиҳаҳои бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Соҳаҳои сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, энергетика, фаъолияти муҳандисию машваратӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва кишоварзӣ барои ҳамкориҳои ояндаи дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳим шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки ташкили хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои нигораҳои таърихию фарҳангӣ дар баробари мусоидат ба рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ метавонад ба афзоиши рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Жан-Батист Лемуан ва Ясмин Гуедар - сафири Франсия дар Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромилию муташаккил, мусоидат ба раванди таҳкими амнияту субот дар минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.