Нимаи дуюми рӯзи 26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Чин Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд кори худро идома дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карда, ба ҷониби Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҷаҳони муосир ва башарият рӯ ба рӯи мушкилоти глобалӣ, аз қабили таъсири буҳронҳо ба иқтисоди кишварҳо, муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳо гардидааст.

“Барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” вокуниши саривақтию серталаб ба шумор меравад ва он манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро дар худ муттаҳид месозад”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид карда шуд, ки ҳудуди Тоҷикистон аз давраи қадим дар чорроҳаи машҳури роҳҳои тиҷорати Шарқу Ғарб қарор дошт ва дар тиҷорати ҷаҳонӣ барои рушди муносиботи бисёрасраи кишварҳои авруосиё бо мавқеи хоса хизмати шоиста кардааст.

Президенти мамлакат иброз дошт, ки Тоҷикистону Чинро сарҳадоти умумӣ, муносиботи неки ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, муттаҳид месозад.

“Кишвари мо “Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030”-ро татбиқ карда истодааст, ки он аз ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат иборат мебошад”, - иброз дошт ӯ.


Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” метавонанд аз таҷриба, имкониятҳои технологӣ, инноватсионӣ - сармоягузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои ояндадори истеҳсолӣ ва инфросхторӣ истифода баранд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузург барои таҳияи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтор, коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва туризм мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар бораи ташаббусҳои ояндадори Тоҷикистон бар нафъи минтақа, истифодаи имконоти кишвар оид ба канданиҳои фоиданок, дар ин замина рушд додани соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, андешаронӣ кард.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тамоми талошҳои худро баҳри расидан ба ҳадафҳои таҳкими муносиботи дӯстӣ ва боварию эътимоди байниҳамдигарӣ равона месозанд.

Ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”

Қобили зикр аст, ки ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа - «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.