Дар доираи сафари корӣ ба Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмӯъи васеи масоили ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо дӯсту бародар ва ҳамтои худ изҳори хушнудӣ карда, бо итминон иброз дошт, ки ҳар як вохӯрии сатҳи олӣ барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни кишварҳо саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳо, ки бар анъанаҳои бою таърихӣ ва эҳтирому эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтааст, омили муҳими ба сатҳи нави уфуқҳои рушди ҳамкорӣ баровардани робитаҳои ҳасана бар нафъи мардумони ду кишвар мебошад. 

Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардем. 

1/2

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин татбиқи санадҳои нави ба имзорасида ва фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ махсус қайд карда шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 62 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Пешниҳод гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек корҳо дар самти диверсификатсияи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва фаъолгардонии тиҷорат идома дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион доллари америкоӣ расад.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалӣ кардани барномаҳо оид ба сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузор кардани “Рӯзҳои фарҳанг” дар кишварҳо, таъмини шароити созгор барои рафтуомади шаҳрвандон, табодули андеша сурат гирифт.

Сарони давлатҳо дар рафти мулоқот оид ба дигар масаъалаҳои байналмилаию минтақавии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд доир карданд.