Дар Душанбе китоби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи масоили муҳими сиёсати хориҷӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Дар ин китоб суханронӣ ва маърӯзаҳои раиси Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи асосҳои бунёдии сиёсати хориҷии Чин, масоили амалисозии ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” ва бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният гирдоварӣ шудааст.

Сухаронӣ ва маърӯзаҳои мазкур давраи аз моҳи нобяри соли 2014 то моҳи майи соли 2017-ро фаро мегиранд. Маҷмӯаи ранга аз се қисм ва 156 саҳифа иборат аст.

Киоби Си Ҷинпинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ журналисти маъруф, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ тарҷума карда, таҳиягар ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои таърих, сармушовири дастгоҳи ёварони президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода аст.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин нашри китоби сарварони давлати Чин дар кишвари мо бо забони тоҷикӣ мебошад.

Китобро метавон дар мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе харидорӣ намуда, варианти электронии он дар сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.