Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ санаи 4 майи соли ҷорӣ нусхаи эътимодномаро ба вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои равобити дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ

Гуфта мешавад, вазири умури хориҷаи Эрон  сафири нави кишварро ба муносибати шурӯи фаъолият дар Теҳрон шодбош гуфта, ба ӯ комёбиҳо орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Низомиддин Зоҳидӣ санаи 10 апрели соли равон роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон таъин шуд. То ин замон ӯ ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият намуда, корманди дипломатии сатҳи баланд мебошад.

Аввали моҳи март дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон низ тағйирот сурат гирифт. Роҳбари намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе Ҳуҷатулло Фағонӣ, ки аз соли 2014 ин масъулиятро бар дӯш дошт, рисолати дипломатии худро дар Тоҷикистон ба итмом расонид. Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ки қаблан ба сифати муовини сардори Раёсати молияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ифои вазифа мекард, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.