Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳозим Аҳмад ал-Юсуфиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин миннатдории ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар баргардондани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз қаламрави он кишвар ба ватан баён намуд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи ҳамкориҳои амниятӣ миёни мақомоти марбутаи ду кишвар ҷиҳати баргардондани шаҳрвандони боқимондаи мо аз Ироқ ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ 84 нафар кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Дар Ироқ онҳо ҳамроҳи модаронашон ҳузур доштанд, ки барои ҳамдастӣ бо террористон дар зиндонҳои ин кишвар адои ҷазо мекунанд.

Тибқи маълумоти охир, айни замон 43 нафар занон аз Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.