Ёвари котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Япония Натсуко Саката аз рӯи натиҷаҳои рӯзи аввали кори Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” (18-19 май, Душанбе) бо намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон вохӯрӣ барпо намуд.

“Баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун Япония ба иқтисоди панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ наздики 25 млрд. доллар маблағ сармоягузорӣ намуд”, - хабар дод ба журналистол Натсуко Саката.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз соли 2014 то имрӯз лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту тиб ва бахши кишоварзӣ татбиқ шуда, ба ин самтҳо ва ҳамчунин дигар соҳаҳо кумаки техникӣ расонида шудааст.

Ба қавли Натсуко Саката, дар доираи се иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қазоқистон Бейбут Отамқулов, Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Ҳоҷиев ва вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно масъалаҳои ҳамкории амалии кишварҳои аъзои Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” дар бахшҳои сайёҳӣ, савдо, сармоягузорӣ ва рушд, амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.

“Ба масъалаи муҳимияти ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин самт ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Маркзиро бо Япония дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, терроризм ва ифротгароӣ, ки натанҳо барои кишварҳои минтақа, балки ба сурати умум ба саросари дунё хатар эҷод мекунанд, зарур донистанд”, - қайд кард Саката.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки лоиҳаи бузургтарини ҳукумати Япония дар Тоҷикистон лоиҳаи сохтмону навсозии роҳи автомобилгард дар ҷануби кишвар мебошад, ки ҳаҷми буҷети он наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.