Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена санаи 22 майи соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба мавзӯи ҷанбаҳои низомӣ-сиёсии амният ва мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни муаррифии ҳадафҳои нишасти мазкур, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА, раиси FSC Идибек Қаландар таъкид кард, ки таъмини шоистаи амнияти сарҳадот омили муассири муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, аз қабили терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки аксари кишварҳои ширкаткунандаи САҲА имрӯз ба он рӯбарӯ шудаанд, мебошад.

Дар ин росто, Намояндаи доимии кишвар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба "Изҳороти Душанбе" - санади ниҳоии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (Душанбе, 16-17 майи 2019) - ҷалб намуд, ки дар он аз кишварҳои узв даъват шудааст, то "амнияти сарҳадотро ба мақсади пешгирии фавҷи террористҳо ва гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла гуруҳҳое, ки аз ҳисоби ҷинояти фаромиллӣ фоида ба даст меоранд, таҳким бахшанд”.

Зимни ҷаласаи умумии FSC Мудири Коллеҷи мудирияти сарҳадии САҲА дар Душанбе Ҷонатан Ҳолланд ва Роҳбари лоиҳаҳои Барномаи мусоидат ба мудирияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) Вероника Гончарова, ки ба ҳайси суханварони калидӣ даъват шуда буданд, ба кишварҳои ширкаткунандаи САҲА оид ба лоиҳаву барномаҳои татбиқшуда ва ҷорӣ дар кишварҳои минтақа гузоришҳо ироа намуданд.

Ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия, ИМА ва Ҷопон дар назди САҲА аз ворид намудани мавзӯи амнияти сарҳадот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба барномаи раёсати Тоҷикистон истиқбол карда, дастгирии худро дар татбиқи барномаҳои минбаъда дар минтақа таъйид намуданд.

Дар ҷаласа қарори аввалини FSC таҳти раёсати Тоҷикистон зери унвони “Дар бораи механизми ёдраскунандаи Шабакаи иртибототии САҲА” қабул гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.