Ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё санаи 29 май дар шаҳри Нур-Султон доир мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

Ҷаласа ба муносибати 25-солагии пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи ҳамгиройии авруосиёӣ ва 5-солагии имзои Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Ауруосиё (ИИАО) баргузор мешавад.

Дар ҷаласа президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти муваққатии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Русия Владимир Путин, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян иштирок мекунанд.

“Ғайр аз ин, аз иштироки президенти Молдова Игор Додон ба сифати сарвари кишвари нозир назди ИИАО ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ интизорӣ меравад”, - қайд мешавад дар хабари хадамоти матбуот.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа сарони кишварҳо масоили муҳим ва дурнамои рушди Иттиҳод, аз ҷумла самтҳои калидии фаъолият дар арсаи байнулмилалӣ ва сиёсати макроиқтисодии Иттиҳодро барои солҳои 2019-2020 баррасӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои узви Шӯрои иқтисодии Авруосиё ба муносибати 5-солагии Шартнома дар бораи таъсиси ИИАО, ҳамчунин имзои як қатор санадҳои байнулмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.