Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дидору гуфтушунид кард. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ, нақши хоссаи нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус қайд кард.

Сурат аз хадамоти матбуоти Президети ҶТ

Гуфта мешавад, зимнан президенти Тоҷикистон ибрози итминон намуд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 май ҷиҳати иштирок дар нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авуосиё ( ИИАО) ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба Нур-Султон раҳсипор шуд.

Қобили зикр аст, ки давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус аъзои ИИАО мебошанд. Молдова мақоми кишвари нозирро дар он дорад. Тоҷикистон то ҳол узви ин Иттиҳод нест.

Имрӯз дар Нур-Султон ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ мекунад. Ҷаласа ба муносибати 25-солагии пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи ҳамгиройии авруосиёӣ ва 5-солагии имзои Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад.

Дар ҷаласа сарони кишварҳои узви Иттиҳод, ҳамчунин президенти Молдова Игор Додон ба сифати сарвари давлати нозири назди ИИАО, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳайси меҳмонони фахрӣ иштирок мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст якчанд шартномаҳои байнулмилалӣ оид ба танзими масоили марбут ба ташаккули бозори умумии электроэнергетикӣ, механизмҳои пайгирии молу маҳсулоти воридотӣ ба қаламрави Иттиҳод, ҳамчунин санади ворид намудани тағйриот ба Шартнома дар бораи ИИАО ва Шартнома дар бораи Кодекси гумруки ИИАО баррасӣ ва таҳия мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.