Дар қароргоҳи САҲА дар Вена рӯзи 29 май иҷлоси муштараки Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) ва Шӯрои доимӣ бахшида ба раванди "Муколамаи сохторӣ" баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, иҷлоси муштараки ду ниҳоди тасмимгирандаи САҲА бо ибтикори Раёсати FSC – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати амалкунандаи САҲА – Ҷумҳурии Словакия сурат гирифт.

Ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ раиси FSC, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар ва раиси Шӯрои доимӣ, Намояндаи доимии Словакия дар САҲА Радомир Боҳач ҳусни оғоз бахшиданд.

Ба сифати суханвари калидӣ Раиси Гуруҳи  ғайрирасмии корӣ оид ба муколамаи сохторӣ, Намояндаи доимии Нидерланд дар назди САҲА Йерун Бундер роҷеъ ба натиҷаҳои Иҷлоси 8-уми гурӯҳи кории мазкур, ки 6-7 майи соли 2019 дар шаҳри Вена баргузор гардид, гузориш дод.

Дар рафти муҳокимарониҳои умумӣ ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА омодагӣ изҳор карданд, ки раванди минбаъдаи "муколамаи сохторӣ"-и Созмонро ба мақсади тавсеаи шаффофият ва пешбинипазирӣ дар бахши низомӣ-сиёсӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

Намояндагони кишварҳо ба зарурати идомаи муколамаи ҷорӣ миёни мансабдорони сатҳи баланди бахши низомӣ ҷиҳати расидан ба созишҳои амалӣ таъкид карданд.

Мавриди тазаккур аст, ки раванди "Муколамаи сохторӣ" зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА соли 2016 дар шаҳри Ҳамбург мувофиқа ва оғоз шуда буд.

Зарурати роҳандозии "Муколамаи сохторӣ" роҷеъ ба чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ва ояндаи амниятӣ дар паҳнои САҲА дар изҳороти вазирони корҳои хориҷии САҲА таҳти унвони "Аз Лиссабон то Ҳамбург" ба таври возеҳ бозтоб шудааст.

Интизор меравад, ки раванди "Муколамаи сохторӣ" фаъолияти кунунии САҲА-ро дар баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши низомӣ-сиёсӣ, аз ҷумла масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, интишори маводи ҳаставӣ ва ғайра, пурратар хоҳад кард.