Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск шоми рӯзи 29-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Боздиди раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Тоҷикистон рӯзи 30 май идома ёфта, қарор аст мавсуф бо роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дода, аз чанд мавзеъи кишвари мо боздид ба амал орад.

Нахуст дар Қасри миллат маросими расмии истиқболи Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск баргузор гардида, сараввал  мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Туск  ва сипас мулоқоти   васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо баргузор мешавад.

Раиси Шӯрои Аврупо Туск бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати  тоҷик дар майдони «Дӯстӣ»-и  шаҳри Душанбе  дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Доналд Туск дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз  боздид мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари Шӯрои Аврупо, дар дидору гуфтушунидҳо масъалаҳои минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идораи марзҳо, инчунин амнияти минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.