Дар ҷараёни як чорабинии дурӯза дар Теҳрон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар Теҳрон рӯзҳои 28-29 май нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид

Гуфта мешавад дар он ҳайати Тоҷикистон бо сарварии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ширкат варзид.

Нишаст бо суханронии роҳбари ҳайати эронӣ, мушовири Вазири нерӯи Эрон Фарҳоди Яздондӯст, Ҷамшед Шоимзода ва сафири Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ оғоз гардида, дар идомаи он ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои татбиқи қарорҳои ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро баррасӣ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нишаст бо имзои Протоколи Кумитаи пайгирӣ, ки дар он мувофиқатҳои ҳосилшуда зикр шудаанд, ба анҷом расид.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон соли 2016, пас аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба конфронси байнулмилалӣ даъват кардани Эрон ба сардӣ гароид. Фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ ва раиси он мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Ахиран сафирони ҳарду кишвар иваз шуданд. Низомиддин Зоҳидӣ санаи 10 апрели соли равон роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон таъин шуд. Аввали моҳи март дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон низ тағйирот сурат гирифта, вазифаи сафири Эрон дар Тоҷикистон ба дӯши Муҳаммадтақӣ Собирӣ вогузор шуд.

Бино ба маълумоти расмии омории Тоҷикистон, тӯли панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон се баробар – аз қариб 295 млн. доллар дар соли 2013 то ба 97 млн. доллар дар соли 2018 кам шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.