Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ҳасани Рӯҳонӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки бо сафари расмӣ дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат дар бораи тавсеаи равобити дуҷониба, ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла тиҷорату иқтисод  ишора гардид.

Дар Теҳрон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон низ  мувофиқи мақсад дониста шуд.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо зикр гардида, зимнан аз доир шудани нишасти ахири Кумитаи пайгирии иҷлоси 12-уми Комиссияи муштарак дар Теҳрон ва дар назар будани баргузории иҷлоси 13-уми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ёдовар шуданд.

Ҳамчунин, роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз пружаҳои муштарак ва истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳангоми мулоқот перомуни масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду ва чандҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ суҳбат доир гардид.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар бо нигаронӣ аз  густариши терроризму ифротгароӣ ва чолишу таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аҳамияти муборизаи дастаҷамъӣ бар зидди онҳоро таъкид карданд. 

Ёдрас мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин бино ба даъвати вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Теҳрон бо сафари расмӣ ташриф овардааст.

Дар доираи сафар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири нерӯи Эрон, раиси ҷониби эронии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Ризо Ардакониён дидору гуфтугӯ намуда, дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар бораи пружаҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла Сангтӯда-2, нақби Истиқлол ва ғайра ёдовар шуда, қайд карданд, ки бо таваҷҷуҳ ба зарфияту тавоноии мавҷудаи ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф имкон дорад ҳамкориҳои беҳтаре роҳандозӣ гардад ва баҳраҳои мутақобили бештаре бардошта шавад.

Ҳамчунин вазирони ду кишвар роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Эрон табодули назар карданд ва аз баргузории нишасти ахири Кумитаи пайгирии иҷлоси 12-уми Комиссияи муштарак дар Теҳрон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни ёдоварӣ аз баргузории иҷлоси 13-уми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ, изҳори боварӣ шуд, ки он дар роҳи тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.