Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин нимаи моҳи июн бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Сафари давлатии сарвари давлати Чин дар ҳошияи Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаҳорчӯби сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими муаррифии китоби ӯ “Си Ҷинпин доир ба идоракунии давлат”, ки дар он суханронӣ ва маърӯзаҳои раиси Чин гирдоварӣ шудааст, доир мегардад.

Китоби “Си Ҷинпин доир ба идоракунии давлат” охири моҳи апрел бо забони тоҷикӣ дар Душанбе ба нашр расид.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии раиси Чин ба Тоҷикистон имзои бастаи созишномаҳои нави байнидавлатӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, молия ва амният, фарҳангу маориф пешбинӣ шудааст.

Бин ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони кишварҳо масъалаи ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.