Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек нишасти дурӯзаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.

Дар нишаст баррасии ҳудуди 20 масъала, аз ҷумла таъсиси Бонки СҲШ ва тадбирҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳоии муосир дар назар аст.

Дар кори нишасти Бишкек роҳбарони 11 кишвар иштирок мекунанд: сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ба сифати иштирокчиён ва сарони боз чор кишвари дигар - Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозири Созмон.

Дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳамчунин сафари давлатии раиси Чин Си Ҷинпин ба Қирғизистон ва ҳамчунин сафарҳои расмии нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулги доир мегардад, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, кори нишастро беш аз 500 кормандони ВАО, аз ҷумла 434 нафар рӯзноманигорони хориҷӣ аз 115 нашрия ва шабакаҳои телевизионии Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон ва Япония инъикос мекунанд.

Тибқи маълуомти дафтари матбуот, дар доираи нишасти СҲШ дар Бишкек бо иштироки намояндагони фарҳанги кишварҳои узви Созмон таҳти унвони “Корвони дӯстӣ” консерти пуршукӯҳ доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.