Кори панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)-ро, ки рӯзҳои 14-15 июн дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, 650 нафар рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Кохи Наврӯз  макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шуда, марказ бо таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти  кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар кори нишаст намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра иштирок хоҳанд кард.

Кори нишаст бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш, Туркия ва Шри-Ланка, ҳамчунин сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло доир мегардад.

Ғайр аз ин, ҷиҳати иштирок дар кори нишаст ҳайатҳои баландпояи Баҳрайн, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ,  Қатар, Камбоҷа, Кореяи Ҷанубӣ,  Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Таиланд, Беларус, Индонезия, ИМА, Филиппин, Малайзия, Украина, Япония, СММ, САҲА, СҲШ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ низ ба Душанбе ташриф меоранд.

Мавзӯи меҳварии Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе “Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ” мебошад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақоми олии қабули қарор нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд. Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.