Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раисони Кумитаҳои телевизион ва радио ва кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар нишаст баррасии ҳудуди 20 масъала, аз ҷумла таъсиси Бонки СҲШ ва тадбирҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳоии муосир дар назар аст.

Дар кори нишасти Бишкек роҳбарони 11 кишвар иштирок мекунанд: сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ба сифати иштирокчиён ва сарони боз чор кишвари дигар - Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозири Созмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.