Дар доираи кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе  сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баъди анҷоми маросимҳои расмӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти васеи ҳар ду давлат баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чин - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мебошад.

Си Ҷинпин ба ташкили сатҳи баланди ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баҳои баланд дод.

Ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” ва татбиқи босамари “Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин” омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.

Ҷонибҳо ба хотири идомаи равобити пурсамари шарикии стратегӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика бо истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, маориф, фарҳангию гуманитарӣ, навоварӣ ва технологияро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.

Ҳамкории муштарак бар зидди “се бадӣ” - терроризм, экстремизм ва сепаратизм, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, интиқоли маводи нашъадор ва киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомиву техникӣ, таҳкими амнияти сарҳадот ва зерсохтори онҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, бо таҷҳизоти муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри миллат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз рӯи лоиҳаи биноҳои бунёдшавандаи Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сохтмони биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

Сипас маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав, аз ҷумла, ба имзо расид:

- Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд.

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи кӯмаки бебозгашт;

- Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии  Чин оид ба ҳамкории илмӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани  Гурӯҳи  кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот, инчунин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардорӣ, оид ба ташкили пойгоҳи коркарди фулузоти нодир, қиматбаҳо ва ранга, оид Барномаи интернет платформаи усули назорати сифат, оид ба лоиҳакашӣ, таъмин, насб, роҳбарӣ, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот барои коргоҳи сементбарорӣ ва оид ба таъсиси ширкати муштарак ва сохтмони объекти коркарди металлургияи ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин, рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон - “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1”-ро дар вазъият тантанавӣ тақдим карданд.