Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 17 июн бо Президенти Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти мабуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбат Сарони ду давлат атрофи натиҷаҳои 5-мин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли равон дар Душанбе доир гардид, мубодилаи афкор намуданд.

“Дар ин зимн Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ нисбати ҳайати Россия дар пойтахти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил намудани саммити мазкурро таъкид кард”, - омадааст дар м хабари дафтари матбуоти Сарвари давлат..

Гуфта мешавад, ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.