Писари хурдии Волоҳазрат Карим Оғо Хони IV шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғо Хон рӯзи 25 июн бо сафари расмӣ ба маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ ташриф овард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, худи ҳамин рӯз Алӣ Муҳаммад Оғо Хон аз кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боздид намуд. 

Ҳамчунин ташрифаш ба Маркази тиббии Оғо Хон, ҷамоатхона (ибодатхонаи исмоилиён), Маркази исмоилия ва дигар иншоот дар шаҳри Хоруғ, ки аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) бунёд гардидааст, низ ба нақша гирифта шудааст.

Сурат аз дафтари матбуоти раиси ВМКБ

Ин нахустин сафари шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғо Хон ба Тоҷикистон аст. Падари ӯ - пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғо Хони IV бори охир 7 сол пеш, соли 2012 аз Тоҷикистон боздид намуда буд.

Сурат аз дафтарим атбуоти раиси ВМКБ

Тайи соли охир дар AKDN дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифт. Моҳи октябри соли 2018 Ёдгор Файзов аз вазифаи директори иҷроияи ташкилот озод шуда, аз ҷониби президент раиси ВМКБ таъин шуд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бори нахуст шаҳрванди Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов AKDN-ро ба роҳбарӣ гирифт.

Бунёди Оғохон оид ба рушд, ки аз соли 1992 дар Тоҷикистон амал мекунад, дар ин кишвар 3500 корманд дорад ва барномаҳои он ба рушди манотиқи кӯҳӣ ва мусоидат дар пешрафти иҷтимоиву иқтисоди Тоҷикистон равона шудааст. Шабакаи Оғохон оид ба рушд танҳо соли гузашта дар ин кишвар 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Сурат аз дафтари матбуоти раиси ВМКБ

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ташкилоти  Оғохон оид ба Рушд, ки бунёдгузор ва раҳбари он Волоҳазрат Оғохон буда, аз шабакаи муассисаҳои   хусусӣ ва ғайридавлатӣ иборат мебошад, ки дар ростои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити иловагӣ барои ҷомеаҳо ва афроди ҷудогона, ки дар манотиқи дорои шароити сахт дар кишварҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна зиндагӣ мекунанд, фаъолият мекунад. 

Нуҳ оҷонсии ин ташкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ барои ҳамаи афрод новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, қавмӣ ва динии онҳо кумак мекунад.

Заминаи фаъолияти ахлоқии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд шафқат ба табақаи ниёзманд мебошад.

Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ба мисли рушди иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди манотиқи рустоӣ, рушди фарҳангӣ  ва хадамоти молиявӣ фаъолият дорад.Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар кишвар аз соли 1992 бо истифода аз таҷрибаҳои худ дар манотиқи кӯҳистон фаъолият мекунад.

Ин ташкилот дар тамоми қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо пиёда сохтани барномаҳои худ ба мисли Памирэнерҷӣ, Tsell Telecommunications ва Нахустин Бонки хурди Молиявӣ  анқариб барои 3500 нафар ҷойи корӣ муҳайё сохтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.