Дар Давҳа мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Қатар Абдуллоҳ ал-Сулайтин баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои сафари гурӯҳи кории Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба Тоҷикистонро, ки 8-12 июли соли ҷорӣ сурат гирифта буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҷониби қатарӣ бо дарназардошти имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, гӯшт ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Қайд гардид, ки Маҷмӯаи агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мазкур алоқаманд мебошад.

Зикр мегардад, ки инчунин дар рафти мулоқот оид ба роҳҳо ва механизмҳои роҳандозии ҳамкориҳо ва татбиқи тавофуқоти дар Душанбе ҳосилшуда табодули назар сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.