Имрӯз  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил Президенти Узбекистони дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбодӣ карда, дар шахсияти ӯ ба мардуми Ӯзбекистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуд.

Президенти Тоҷикистон бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди бомароми шарикии стратегии миёни ду кишвар нақши муассири Шавкат Мирзиёевро дар пешбурди ин раванди созанда махсус таъкид кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонашон иброз доштанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, зимни суҳбати телефонӣ нақши калидӣ ва талошҳои фаъолонаи Шавкат Мирзиёев дар таҳкими мунсибаҳои дӯстона, ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳо махсус қайд шуд.

Афзоиши ҳаҷми муомилоти моли лдуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод, идомаи табодули фаъолонаи гуманитарӣ, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ таъкид шуд.