Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Зоҳир Саидзода 6 август нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, Зоҳир Саидзода сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз замони сари мансаби президенти Украина қарор доштани Петр Порошенко санаи 16 май ӯ Василий Серватюкро сафири нави Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон Афғонистон таъин карда буд. То таъинот ба ин мансаб Серватюки 62-сола ба ҳайси муовини раиси Хадамоти давлатии сарҳадбонии Украина фаъолият мекард.

Пеш аз ӯ намояндагии дипломатии Украинаро дар Тоҷикистон Виктор Никитюк намояндагӣ мекард, ки моҳи октябри соли 2018 бо фармони Порошенко аз мансаб сабукдӯш шуд. Сабабҳои барканорӣ аз вазифа хабар дода нашуда буд.

Виктор Никитюк 30 августи соли 2012 ҳанӯз аз ҷониби Виктор Янукович (президент пеш аз Порошенко) сафир дар Тоҷикистон таъин шуда буд. Пеш аз ӯ, аз соли 2007 ин вазифаро Вячеслав Похвалский (бо қароргоҳ дар Тошканд) ишғол мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.