Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн рӯзи 21 август нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Гуфта мешавад, дар анҷоми вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Андреас Протманн барои анҷоми рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.

Тибқи иттилои ВАО-и Украина, то таъинот ба мансаби сафирӣ дар Тоҷикистон Андреас Протманн  ба ҳайси роҳбари ситоди кории “Украина” дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ифои вазифа мекард.

Андреас Протманн дар вазифаи сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро иваз намуд.

Қобили зикр аст, ки сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ баъди соҳибистиқлолии кишвар буда, 10 июни соли 1993 ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.