Президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки барои мутахассисони баландихтисос гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунад. Дар ин бора «Комсомольская правда» иттилоъ медиҳад.

“Муҳлати собиқаи кории зарурӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои мутахассисони баландихтисос аз се то як сол кам шуд. Тағйирот ба мутахассисони ҳирфаии машғули кор аз рӯйи касб, ки дар рӯйхати махсус зикр шудааст, дахл дорад”, - хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ин ҷо сари табибон, дорусозон, муҳандисон, математикҳо ва дигар касбҳо сухан меравад. Онҳо шиносномаи русиягиро бо тартиби содашуда - бе риояи шартҳои муҳлати иқомат дар кишвар гирифта метавонанд.

“Давоми шаш моҳи соли 2019 беш аз 15 млн. нафар хориҷиён ба Русия ворид шудаанд, ки 2,4 млн. нафарашон расман дар бораи нияти ба кор даромадан хабар додаанд. Доир ба шумори саҳеҳи мутахассисони баландихтисос аз ин шумор маълумот дода намешавад”, - иттилоъ медиҳад «Комсомольская правда».

Ҳамчунин Вазорати рушди иқтисоди Русия ҷорӣ кардани як қатор тадбирҳоро пешниҳод кардааст, ки ҷалби чунин мутахассисон аз хориҷи кишвар осонтар шавад. Аз ҷумла, коҳиши ҳадди музди меҳнат ва тасдиқи фосилавии сатҳи тахассус.

Рӯйхати пурраи мутахассисон бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.