Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимни вохӯрӣ дар доираи машварати чоруми раисони парлумонҳои Авруосиё, ки имрӯз дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд, масоили марзиро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Жогорку Кенеши Қирғизистон хабар медиҳад.

“Муносибатҳои неки ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон чандин аср идома доранд, ки аз мову шумо давоми рисолати таърихиро тақозо мекунанд. Масоили марзиро ҳарчи зудтар мебояд ҳал кард, зеро густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ба он вобаста аст”, - изҳор доштааст Зуҳуров.

Сурат: хадамоти матбуоти ЖК ҶҚ

Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Достонбек Ҷумъабеков изҳори итминон кардааст, ки комиссияи ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти роҳҳои созиш ноил мешавад.

“Ҷумъабеков изҳори умедворӣ кард, ки вохӯрии гурӯҳҳои кории комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар ба дарёфти нуқтаҳои созиш оид ба аломатгузорӣ ва табодули дуҷонибаи қитъаҳои боқимонда имкон медиҳад. Ин раванди таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро суръат мебахшад”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон.

Сурат: хадамоти матбуоти ЖК ҶҚ

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба хулосае расиданд, ки анҷоми расмиёти ҳуқуқии сарҳади давлатӣ ба таъмини субот ва амният дар сарҳади кишварҳо ва ба сурати умум дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.