Имрӯз дар дидбонгоҳи назоратии “Овчӣ-Қалъача-Кулунду” дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон маросими ифтитоҳи “Пули дӯстӣ” доир гардид. Пули мазкур байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сохта шудааст.

Онро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва волии вилояти Ботканд Акрам Мадумаров боз карданд. Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин сарҳадбонон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва сокинони ҳар ду кишвар ҳузур доштанд. Раисони вилоятҳо дар суханронии худ мардумро ба ҳамсоягии нек ва ҳаёти осоишта даъват карданд.


Пул моҳи октябр ҳангоми омадани сел, вақти аз болои он гузаштани автомашинаи бо ангишт боршудаи КАМАЗ аз самти Қирғизистон хароб гардида буд. Пули нав бо масофаи 12 метр ва паҳнои 8 метр ба таври муштарак сохта шуда, ҳар ду ҷониб баробар (50 дарсадӣ) ба он маблағгузорӣ карданд.

“Иншоотро “Пули дӯстӣ” ном гузоштем ва умедворем, ки дигар муноқиша рух надода, сокинони кишварҳо дӯстонаву оромона зиндагӣ мекунанд”, - гуфт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.


Ҳамчунин сокинони ҳар ду кишвар суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки омодаи пеш бурдани зиндагии дӯстонаву оромона мебшанд. Ба гуфтаи онҳо, муноқишаи охир натиҷаи як иғвогарӣ буд.

“Мо нафаҳмидем, ки муноқишаи охир аз чӣ сар зад. Мо ба дастгирии ҳамдигар ниёз дорем. Ин пул барои аз Қирғизистон кашонидан ангишт ва аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ аҳамияти калон дорад”, - гуфт раиси ҷамоати Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Қирғизистон.


Ёдрас мекунем, ки бар асари задухӯрди мусаллаҳонаи шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ғайр аз ин, низомиёни дигар ва сокинони осоишта аз ҳар ду ҷониб ҷараоҳат бардоштанд. Пас аз гуфтушунидҳо тасмим гирифта шуд, ки манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.