Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, зимнан ӯро бо зодрӯзаш таҳният гуфт. Сарвари давлати Русия 67-сола шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон нақши бузурги Владимир Путинро дар раванди рушди комёби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории босамар миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид кард.

Зимнан омодагӣ ба талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар ва ба хотири таъмини суботу амнияти минтақа баён гардид.

Қобили зикр аст, ки ду рӯз пеш Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зада, ӯро низ бо 67-солагиаш табрик карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.