Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзуъҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва  ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд. 

“Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накӯи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳалли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла, ҷиҳати пешбурди музокирот дар мавриди муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мусоидати амиқ хоҳад кард.

Дар ин замина пешниҳод гардид, ки лоиҳаи мувофиқашудаи байнидавлатии “Созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” ба имзо расонда шавад ва бо ин роҳ имкон аст заминаҳои ҳуқуқии натиҷаи фаъолияти чандинсолаи комиссияи муштарак мустаҳкам гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.