Бо амру фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумати кишвар имрӯз, 17-уми октябр дар якчанд сохтор тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Аз ҷумла, Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Давлати Исроил таъин шуд.

Содиқ Имомӣ
catoday.org

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Насредин Исматулло ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таъин шуд.

Насредин Исматулло
Акс: сафорати Тоҷикистон дар Австрия

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Тайланд таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ 18-уми июли соли 2019 ба шоҳи ин кишвар эътимоднома супорид.
Акс аз торнамои mfa.tj

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҳиндустон Султон Раҳимзода 25-уми июни соли 2019 ба раисҷумҳури ин кишвар Шри Рам Натҳ Ковинд эътиборнома супорид.
Акс аз торнамои mfa.tj

Бо амрҳои раисҷумҳур Зиёӣ Хуршед Махшулзода муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъин гардида, Сайидзода Зафар Шералӣ аз сабаби консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таъин шуданаш аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Шерализода Шараф Аҳмадҷон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ таъин шуд.

Ҳамчунин Мирализода Рустам Азиз аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ озод гардида, ба ин мақом Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор таъин шуд.

Бо сабаби азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск», Азиззода Бобишо Абдуқаюм аз вазифаи директори корхонаи мазкур озод карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.