Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дархост кард, ки ба тезонидани тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мусоидат кунад.

Дархости Шукуров рӯзи 19-уми октябр дар ҷараёни сафари расмии Володин ба Душанбе садо дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Раиси Думаи давлатӣ қайд кард, ки соли гузашта тоҷикистониёни машғули кор дар Русия 2,5 млрд. доллар ба кишвар фиристоданд, ки қариб сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

“Мо бояд ҳама кори аз дастамон меомадаро анҷом бидиҳем, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ омода бошанд ва забонро донанд”, - гуфт Володин ва зикр кард, шахсоне, ки забони русиро медонанд, “ба сатҳи мутахассис расида, метавонанд таҳсил кунанд ва дар Русия монанд”.

“Моро зарур аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолона муколама кунем”, - иброз дошт ӯ.

Володин даъват кард, ки “мебояд ба тарзи бештар муосир”-и муҳоҷирати корӣ гузашт, аз ҷумла, “тавассути ҳалли масоили иҷтимоӣ” ва пешниҳод кард, ки ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия зиёд шавад.

“Бояд созишномаҳои ҳамкории байни минтақаҳо ба имзо расанд”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, фаъолияти комиссияи дуҷонибаи байнипарлумонӣ, ки “ҷаласаи охираш 11 сол пеш баргузор шудааст”, тақвият дода шавад.

“Ба мувофиқа расидан лозим аст, ки ин кор кашол наёбад ва то охири сол ҷаласаи аввал дар Душанбе ё Русия доир гардад. Ҷаласаҳо бояд ҳамасола баргузор шаванд”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷаласаҳои комиссия баррасии масоили мушаххас, аз ҷумла, “муҳоҷират, ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ” мувофиқи мақсад аст.

“Ҳама ба гуфтушунид дар ин хусус омодаанд, - таъкид дошт ӯ ва даъват кард, ки ҳарчи зудтар қарорҳои сарони кишварҳо аз лиҳози қонунгузорӣ таъмин шаванд. - Муносибатҳои мо фаротар аз муносибатҳои шарикони стратегӣ аст. Ин муносибатҳои иттифоқчиён мебошад”.

Ёдрас мекунем, ки раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Вячеслав Володин рӯзи 18-уми октябр бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни сафар ӯ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо донишҷӯёну ҳайати омӯзгорон мулоқот кард.

Раиси Думаи давлатиро 19-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳузур пазируфт. Зимнан вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла, дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.