Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишнома бо ҳукумати Афғонистонро оид ба сохтмони хати роҳи оҳан, ки ду кишварро мепайвандад, маъқул шуморид.
Дар қарори қабулшудаи ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, хати роҳи оҳан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) то Панҷи Поён (Тоҷикистон) ва сипас то Шерхон Бандари Афғонистон мегузарад.
Дар санад ба вазири нақлиёт дастур дода шудааст, созишномаро аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида, дар зарурат ба матни он тағйиру иловаҳое ворид созад, ки хусусияти усулӣ надошта бошанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраршуда бояд бо ҷониби Афғонистон замон ва макони имзои ин Созишномаро мувофиқа кунад.
Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода тобистони соли ҷорӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди бунёди роҳи оҳан, ки дар навбати худ онҳоро бо Туркманистон мепайвандад, тавофуқ ҳосил кардаанд.
Ӯ зикр карда буд, ки гурӯҳи кории муштараки махсуси Тоҷикистону Афғонистон ба корҳои омодасозии созишномаи дахлдор машғул аст.
Муовини аввали вазир гуфта буд, ки дар қаламрави Афғонистон хатсайри мувофиқашуда тариқи маҳаллаҳои аҳолинишини Шерхон Бандар – Кундуз – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхой – Оқина мегузарад.
Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад.
Он замон Тоҷикистон ният дошт, ки тариқи ин шоха ба роҳҳои оҳани байнулмилалӣ бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон даст ёбад. Раҳбарияти кишвари ҳамсоя он вақт бо баҳонаҳои гуногун ба ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон монеа эҷод мекард.
Навбати аввали ин роҳ Отамурод-Имамназар (Туркманистон) – Акина (Афғонистон) охири соли 2016 бо иштироки сарони ду кишвар ба истифода дода шуд.
Аммо дар интихоби хатсайри роҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон байни ҳукуматҳо баҳс вуҷуд дошт: Тоҷикистон хати кӯтоҳтар (160 км) ва Афғонистон нисбатан тӯлонитар (500 км)-ро пешниҳод мекарданд.
Ҷонибҳо дар натиҷа созиш кардаву санади дахлдор ба имзо расониданд. Соли 2014 онро барои имзо ба ҳукумати Туркманистон пешниҳод карданд.
Лекин ҳукумати Туркманистон бо сабабҳои номаълум санади амалисозии минбаъдаи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро маъқул нашуморид.
Охири соли 2017 ҷониби Туркманистон идомаи лоиҳаро маъқул донист, вале бо омадани роҳбари нави Ӯзбекистон ва беҳбуди муносибатҳо байни кишварҳо, Тоҷикистон аллакай ба сохтмони ин роҳи оҳан манфиатдор набуд.
Рӯзи 20-уми сентябри соли 2018 дар мусоҳибаи нашрияи “Коммерсант” сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода оид ба масъалаи рушди долонҳои транзитии нақлиётӣ дар Ӯзбекистон зикр кард, ки беҳбуди муносибатҳо бо ин ҳамсоякишвар Душанберо водор намуд, ки нақшаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистонро “то замони беҳтар мавқуф гузорад”.
Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар навбати худ зикр кард, ки аз изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди мавқуф гузоштани сохтмони ин роҳи оҳан дар тааҷҷуб аст.
Қайд шуда буд, ки шарҳу тавзеҳҳои ҷониби Туркманистон оид ба изҳороти мазкур бо тартиби расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расонида шудааст.
Ин масъала охири моҳи октябри соли гузашта зимни баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар Душанбе ҳал шуд.
Он замон ҷонибҳо дар мавриди суръатбахшӣ ба сохтмони хати роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон, ки ду кишварро мепайвандад, ба мувофиқа расиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста