Бо вуҷуди мувофиқаи шифоҳии қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар, ки моҳи марти соли 2018 зимни сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳосил шуда буд, дар ин бора то ҳол санади ниҳоӣ ба имзо нарасидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, баъд аз сафари давлатии Мирзиёев ба Душанбе гурӯҳҳои кории иборат аз геодезистону харитасозон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатии шартнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад оғоз карданд.

“То имрӯз лоиҳаи шартномаи мувофиқашуда дар бораи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои имзо омода буда, ба он харитаҳо бо ишораи дақиқи хати сарҳади кишварҳо замима шудааст. Ба ҷуз ин, ҷойҳои гузоштани сутунпояҳои сарҳадӣ байни кишварҳо низ мувофиқа шудаанд”, - гуфт манбаъ.

Имзои шартнома аз ҷониби сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили марзӣ дар назар аст, ки баргузории он то охири соли равон дар Душанбе пешбинӣ шудааст.

“Бо назардошти он, ки 22-юми декабри соли 2019 дар Ӯзбекистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад, ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ эҳтимол дар моҳи январ ё феврали соли 2020 гузаронида шавад”, - афзуд манбаъ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.