Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт ҳамчунин бо раиси Шӯрои вазирон ва парлумони ин кишвар дидору гуфтушунид кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, шоми 11-уми ноябр пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти сарвазири кишвар бо валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор шуд.

“Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Қоҳир Расулзода аз валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват кард”, - омадааст дар хабар.

Расулзода бо раиси Шӯрои вазирони Кувайт
Акс аз торнамои ВКХ ҶТ

Гуфта мешавад, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ дидору гуфтушунид кард. Зимнан вазъи кунунӣ, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Худи ҳамин рӯз вохӯрии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним доир гардид.

Акс аз торнамои ВКХ ҶТ

“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ ва аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо таъкид гардид”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.