Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки аввали баҳори соли оянда доир мегардад, фаъолона омодагӣ мегирад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲКТ Меҳроҷ Абдуллоев хабар дод, то имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб маълум набуда, эҳтимол он нимаи аввали моҳи декабри соли равон баргузор шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳизб дар анҷумани пеш аз интихобот ният дорад, ки аз рӯйи феҳристи ҳизбӣ на камтар аз 8 номзадро ба вакилии МНМО ҶТ пешбарӣ кунад.

“Ба ғайр аз ин, дастикам ду нафар коммунистон аз ҳавзаҳои интихоботи якмандатӣ иштирок мекунанд”, - афзуд Абдуллоев.

Дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои ҳизб гардид.

Меҳроҷ Абдуллокев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.

Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамин сол аз олам даргузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.