Дар кори анҷумани навбатии 13-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки нимаи моҳи декабр дар Душанбе доир мегардад, аз тамоми минтақаҳои кишвар наздики 2 ҳазор нафар вакилон иштирок мекунанд.

Чунин шумори вакилонро дар анҷуман то ҳол ҳеҷ яке аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷамъ наовардааст. Дар анҷумани 12-уми ҲХДТ моҳи декабри соли 2014 теъдоди вакилон 1 ҳазору 200 нафар буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо конфронсҳои ҳисоботию интихоботии бахшҳои ҳизб ҷараён доранд. Дар онҳо вакилон ба анҷумани пеш аз интихоботии ҳизб пешбарӣ мешаванд.

Ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ, дар анҷуман аз фаъолияти ҲХДТ дар соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аввали моҳи декабр, яъне 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.

То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пеш аз интихоботии Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби состсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон таъин карда нашудааст.

Танҳо Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон дошт, ки анҷумани пеш аз интихоботии худро рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.