Дар пойтахти Ӯзбекистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоёни худ аз ҷумҳуриҳои минтақа ҷараёни омодагӣ ба вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки баргузориии он рӯзи 29-уми ноябр дар Тошканд дар назар аст, баррасӣ мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дод, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин субҳи имрӯз ба пойтахти Ӯзбекистон равона шуда, дар он ҷо бо роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои омодагӣ ба вохӯрии сарони кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунад.

Ба ҷуз ин, дар мулоқоти вазирон баррасии дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар назар буда, оид ба масоили муҳими Осиёи Марказӣ ва байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули назар сурат мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ба Тошканд барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу маориф ва ғайра аз ҷумлаи масоили рӯзномаи нишаст мебошанд.

Сарони кишварҳо роҷеъ ба масоили таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ноил гардидан ба созиш дар Афғонистон табодули афкор мекунанд.

Баргузории нишасти дуюми ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақа нахуст рӯзи 12-уми апрел дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, аммо бо мувофиқаи худи президентҳо ба таъхир гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли 2018 дар Остона пешниҳод гардида буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд ҷамъ шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.