Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон доир гардид. Дар он роҳбари ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин буд.

Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои Мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки охири моҳи ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур бо иштироки сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди зерсохтори нақлиёт, ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд.

Баргузории нишасти дуюми ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақа нахуст рӯзи 12-уми апрел дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, аммо бо мувофиқаи худи президентҳо ба таъхир гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли 2018 дар Остона пешниҳод гардида буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд ҷамъ шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.